Ёде аз аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Имшаб бидуни ҳеҷ муносибате ба ёди аллома Иқбол он ситораи дурахшони осмони тафаккур ва ҳикмат афтодам. Албатта шарт нест ки ҳатман ба муносибат ва баҳонае аз бузургони худ ёд кунем. Онон ба мо ниёз надоранд вале мо ба андешаҳои онҳо ниёзмандем.
Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз поягузорони тафаккури ҷадиди исломӣ буд ва дар бедории зеҳнии мусалмонон хадамоти беназир анҷом додааст. Бисёре аз рӯшанфикрони мусалмон вақте ба Урупо рафтанд маҷзӯби ҷилваҳои фиребои дунёи пурнақшу нигори Ғарб шуданд ва аз як муҳақиқ ба як муқаллид табдил шуданд. Магар Иқбол ки дар Урупо таҳсил кард аммо бо ҷаҳонбинӣ ва шинохти бунёдӣ ва асиле,ки аз ҷаҳон дошт ва бо такя ба фитрати солим ва худогоҳии динии хеш ва муқоисаи Шарқи мусалмон бо Ғарби динситез ҳақоиқ ва дақоиқеро кашф кард , ки мояи баракат ва бедории мусалмонони худбохта хоҳад шуд. Иқбол бо ақли салим ва рӯҳи бедори худ билофосила мутаваҷҷеҳ шуд, ки илати шукуфоӣ ва пешрафти қораи Урупо аз чароғи илму дониш аст. Аммо бархе аз рӯшанфикрони охӯрбини мусалмон чунин бардошт карданд, ки иллати пешрафти ҷомеаҳои урупоӣ бархоста аз суннатшиканӣ, динситезӣ ва лоқайдии онон ба умури муқаддаса аст ва ҷилваҳои хиракунанда ва паёмадҳои фалсафаи инсонмеҳварӣ ва динситезии урупоиҳоро ба унвони илм ба кишварҳои худ ба армуғон оварданд.
Аммо Муҳаммад Иқбол бо шинохти воқеии бунёнҳои ҷомеаи Ғарбӣ ба хубӣ дарёфт, ки урупоиҳои зирак ва дунёталаб тамоми осор ва ҳикматҳои созандаи шарқу ғарбро гирдоварӣ, таҳлил ва таҳқиқ намуда барои рушду шукуфоии ҷомеаҳои худ ба кор гирифтаанд.
Иқбол дар манзумаи “Асрори худӣ” ба ҳамин нукта таваҷҷӯҳи хос намудааст. Вай бо ишора ба “Суперман”-и Нитше мегӯяд тамоми вижагиҳои ин “Суперман” айни хусусиёти “Инсони комил” аст, ки дар ирфони исломӣ матраҳ шудааст. Танҳо тафовути ин ду ин аст, ки “Суперман”-и Нитше як абармарди бехудо аст ва “Инсони комил” халифаи Худо дар замин.
Муҳаммад Иқбол бо шинохте, ки аз таърихи мусалмонони садри ислом дошт ва ҳамчунин бо ҷаҳонбиние, ки аз Қуръони карим ва аҳодиси Паёмари аъзам дар зеҳнаш шакл гирифта буд бовараш намеомад, ки уммате, ки ҳазрати Муҳаммад(с) паёмбари ӯст ва Қуръони карим китоби роҳнамояш ин қадар хору залилу заъифу нодон ба бор биояд.
Мусалмон фоқамасту жандапӯш аст,
Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст.
Биё тарҳи дигар миллат бирезем,
Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.
Дар воқеъ ин на он миллатест, ки Муҳаммад паёмбар ва Қуръон ҳидоятгараш аст.Дар қалби ин уммат аз он шукӯҳу ҷалол танҳо як иддао боқӣ мондаасту халос!
Банди ғайруллоҳ андар пои туст,
Доғам аз доғе, ки дар симои туст.
Иқбол тақлидро офати ҷомеаи исломӣ медонист.Мусалмонон имрӯз ибтикор ва халлоқиятро аз даст додаанд ва муҳимтар аз ҳама ҳуввияти хешро низ аз даст додаанд. Ин аст, ки пайравони ин дини васат ё худ муътадил акнун сар аз гиребони “Ифрот” ё “Тафрит” берун меоранд.Ба назари Иқбол яке аз авомили инҳитот ва аз худбохтагии муслимин дар қарнҳои ахир ҳамин падидаи тақлид аст. Тақлид маншаи беҳуввиятии инсон аст. Албатта тақлид ба маънои пайравӣ ва ба коргирии суннатҳои хуб ва писандида кори баде нест, аммо баҳси мо перомуни он навъ тақлидест, ки бар асари аз худбохтагӣ мунҷар ба беҳуввиятӣ мешавад. Аллома Иқбол дар ин замина аҷаб некӯ мефармояд:
Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони бе ҳиҷоб.
Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,
Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.
Маҳкамии ӯ на аз лодинӣ аст,
Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати Мағриб аз илму фан аст,
В аз ҳамин оташ чароғаш рӯшан аст.
Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,
Монеи илму ҳунар амома нест.
Илму фанро эй ҷавони шуху шанг,
Мағз мебояд на малбӯси Фаранг.
Иқбол дар воқеъ рӯҳи Мавлоно дар асри хеш буд.Ӯ андешаҳои ҷонбахшӣ ҳазрати Мавлоно дар бахши Худшиносӣ ва Худошиносиро ба умури иҷтимоии мусалмонон низ таъмим дод то аз ин тариқ пайкари нимаҷон ва рӯҳи фасурдаи уммати исломиро дубора зинда кунад.
Шиквасанҷи сахтии ойин машав,
Аз ҳудуди Мустафо берун марав.
Ҳар ки бар худ нест фармонаш равон,
Мешавад фармонпазири дигарон.
Ноиби Ҳақ дар ҷаҳон будан хӯш аст,
Бар аносир ҳукмрон будан хӯш аст.
Ноиби Ҳақ ҳамчу ҷони олам аст,
Ҳастии ӯ зилли исми аъзам аст.
Муҳаммад Иқбол аз зумраи ҳакимоне аст,ки бо дироят ва вусъати диди хеш ба макотиби гуногуни ғарб баҳои сазовор додааст.Аз ҷумла ӯ дар бораи Морксизм ва равиши Моркс фармудааст:
Дини он пайғамбари ҳақношинос,
Бар масовоти шикам дорад асос.
Иқбол ҳамчунин аз нахустин мутафаккирони мусалмон аст, ки ба таъсиси ҳукумати Шуравӣ вокуниш нишон дода ва назарияҳои доҳии он Ленинро нақд мекунад ва суоли кубандаеро матраҳ менамояд.
Кардаам андар мақомотат нигоҳ,
Ло салотин ло калисо ло илоҳ.
Эй ки мехоҳӣ низоми оламе,
Ёфтаӣ ӯро асоси маҳкаме?
Зиман аллома Иқбол шикасти шамандавор ва бе чуну чарои мактабҳои бепоя ва қудратҳои дурӯғинро ба таври фавқулода пешгӯӣ кардааст.
Зинагӣ ҷӯи равон асту равон хоҳад буд,
Ин майи кӯҳна ҷавон асту ҷавон хоҳад буд.
Он чи будасту набояд зи миён хоҳад рафт,
Он чӣ босту набудаст ҳамон хоҳад буд!
Албатта ман қасди навиштани матлаби мунсаҷиме дар бораи андешаҳои ҳазрати Иқбол надоштам ҳамин тавр ба тавр маъмулӣ аз он бузургвор ёд кардем ва ин чанд андешаи ноқобилро нисори рӯҳи он бузургвор кардем.
Дар поён ин нуктаро мехоҳам тазаккур диҳам, ки агар аз ҳазрати Иқбол чизе дар зеҳнатон нест ҳади ақал ҳар мусалмоне бояд ин байти он ҳакими доноро бояд бидонад:
Гар ту мехоҳӣ мусалмон зистан,
Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан
.
Рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод!
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.